Саҳми занони Тоҷикистон дар рушди ҳаракати ихтироъкорӣ ва навоварон (солҳои 60-80-уми асри ХХ)
Дар мақола сухан дар бораи саҳми занони Тоҷикистон дар ҳаракати навоварону ихтироъкорони соҳаи истеҳсолоти солҳои 60-80-уми асри ХХ меравад. Муаллиф бо далелҳои аниқ нишон додааст, ки занон дар ин ҳаракат саҳми арзанда гузоштаанд. Асомӣ ва фаъолиятҳои навоварону ихтироъкорони беҳтарин дар соҳаи истеҳсолот ва хоҷагии қишлоқ номбар гардида, аҳамияти ихтирооти онҳо тазаккур ѐфтааст. Дар асоси таҳлилҳо собит мешавад, ки аз ворид намудани таклифу пешниҳодҳои занони навовар ва ихтироъкор дар истеҳсолот фоидаҳои зиѐди иқтисодӣ ба даст оварда шудааст. Хулоса гардидааст, ки саҳми занон дар пешрафти истеҳсолот бо ворид намудани ихтироъкориву навовариҳояшон хеле назаррас мебошад.
Сведения
- Опубликовано
- 2019 · № 2 (59)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2077-4990
- Издатель
- Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова