Central AsianResearch Index

САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭҲЁИ РУКНҲОИ ДАВЛАТДОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН: ҶАНБАИ СИЁСӢ

Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ тавассути яке аз иқдомҳои наҷиб – баргардонидани гурезаҳои солҳои ҷанги бародаркуш бозгӯӣ шудааст. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи ин раванд, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи гурезагон”, “ Дар барои авф”, “Дар бораи аз ҷавобгарии ҷинояти озод кардани шахсоне, ки сарҳадди давлатиро ғайриқонуни убур намуда ва мехоҳанд ба ватан баргарданд” тавсиф шудаанд. Ташаббусу ибтикороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , кору пайкори ӯ дар иҷрои ин вазифаи мураккаб ва мушкил ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Нақши боризи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла барномаи родиоии “Хоки ватан”, ки бори аввал 29-уми марти соли 1993 паҳн шуда буд, дар баргардондани гурезагон ба ватан махсус таъкид гардидааст.

Сведения

Опубликовано
2022 · № 4 (93)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП