САҲМИ НУСРАТУЛЛО МАХСУМ ДАР РУШДИ ҲАЁТИ СИЁСИЮ ҶАМЪИЯТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛҲОИ 1924-1933
Нусратулло Махсум яке аз поягузорони Тоҷикистони Шуравӣ Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, арбоби намоёни сиёсӣ ва давлатии тоҷик, сиёсатмадори шинохта ва дорандаи унвони олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳрамони Тоҷикистон мебошад. Дар мақолаи мазкур муаллифон кӯшидаанд бо такя ба манбаъҳо ва маводи муътамад саҳм ва ҷоннисориҳои фарзанди сарсупурдаи миллат — Нусратулло Махсумро дар таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Тоҷикистон дар соли 1924 ва Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар соли 1929 бозтоб намоянд. Ҳамзамон, дар мақола нақши муассири ӯ дар ташкили сохторҳои нави идора Шуроҳо ва кумитаҳои иҷроия, бозгардондани фирориён, таблиғи идеологияи Ҳокимияти Шуравӣ, ҷалби занон ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ташаккули шаклҳои нави иқтисоддорӣ, аз ҷумла бунёди иншооти обёрӣ, мубориза бо ҳаракатҳои мухолиф, сохтмони роҳи оҳан ва шабакаи роҳҳои автомобилгард, маҳви бесаводӣ ва таъсиси мактабҳою курсҳои омӯзишии касбӣ, инчунин ривоҷи соҳаи пахтакорӣ инъикос ёфтааст. Нусратулло Махсум яке аз шахсиятҳои барҷастаи таърихи мо мебошад, ки бо тамоми ҳастӣ барои истиқлоли сиёсии миллати тоҷик, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва эҳёи давлатдорӣ заҳмат кашидааст. Корнома ва мероси таърихии Қаҳрамони Тоҷикистон — Нусратулло Махсум барои насли имрӯз ва фардо ҳамчун намунаи ибрат ва мактаби ватандӯстиву хештаншиносӣ арзишманд маҳсуб меёбад.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 2 (115)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни