Central AsianResearch Index

САҲМИ МУҲАҚҚИҚОНИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН ДАР ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ФАРҲАНГИИ ДУ КИШВАР

Дар мақола гуфта мешавад, ки дар амри густариши равобиту ҳамкориҳои мутақобила, омӯзишу пажӯҳиш, тарғибу ташвиқи дастовардҳои илму адабу фарҳанги халқи тоҷик дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва эронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра пажуҳишгарону донишмандони ҳарду ҷониб аз қабили М. Олипур, М. Шукурзода, М. Муллоаҳмадов, А. Сайфуллоев, Н. Мирзоев, Қ. Расулиён, А. Шеърдӯст, А. Қазва, Қ. Сулаймрнӣ ва дигарон нақши муҳим доранд. Дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз нахустин ашхосе, ки ба тарғиби илму фарҳанги эрониён дар байни тоҷикон даст зад, рӯзноманигор ва аккоси маъруфи тоҷик Муҳиддин Олимпур буда, баъдан кори ӯро дигарҳо идома доданд. Дар байни мавзуҳои гуногуни мутаалиқ ба равобиту ҳамкориҳои фарҳангии ду ҷониб беш аз ҳама масоили равобити адабӣ мавриди пажӯҳиш қарор гирифтааст. Зеро адабиёти чандинҳазорсолаи тоҷикону эрониён мисли забонашон муштарак буда, аз рӯзҳои аввали боз шудани дарҳои баста баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ба рӯи ҳамдигар аҳли адаби ду кишвар ба омӯзиш пажуҳиши таърихи адабиёти пурғановати форсӣ-тоҷикӣ пардохтаанд. Маҳз ҳамин ишқу алоқа буд, ки пажуҳишгарони ду ҷониб ҳарчи бештару беҳтар адабиёти давраи гуногун, бахусус адабиёти давраи навинро пажуҳиш намуда, бурду бохти онро нишон додаан. Муаллифон баррасии мавзуи мазкурро дар асоси китобҳои соҳавӣ ва маводу нигоштаҳои муаллифони соҳа таълиф гардида, ҷабҳаҳои гуногуни ҳамкориҳои фарҳангиро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибҳоро барои истифодаи он даъват менамоянд. Зеро дар сурати истифодаи онҳо рушди ҳамкориҳои кишварҳо дар ҷодаи пешбурди масъалаҳои фарҳангӣ ба манфиати кор хоҳад буд.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 2 (115)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни