Central AsianResearch Index

САҲМИ ЕВГЕНИЙ ЗЕЙМАЛ ДАР ТАҲҚИҚИ СИККАҲОИ КУШОНӢ

Дар мақола саҳми назарраси Е. В. Зеймал дар омӯзиши ёдгориҳои нумизматикии давраи Кушониён, ки аз Тоҷикистон ва чанд минтақаи дигари Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Покистон кашф шудаанд, таҳлил мегардад. Сиккаҳои мавриди таҳқиқ қароргирифта манбаъи муҳим ва арзишманди иттилооти илмӣ гардида, ҷанбаҳои асосии рушди таърихӣ, сиёсӣ ва иқтисодии давраи ҳукмронии сулолаи Кушониёнро (асрҳои II пеш аз милод – IV мелодӣ) дақиқ менамоянд. Е. В. Зеймал дар омӯзиш ва таҳқиқи таърихи замони кушониён то имрӯз яке аз муваффақтарин донишмандон ба ҳисоб меравад. Дар осори илмиаш андешаву хулосаҳои олимони хориҷиву замони Шуравиро бо ҳам қиёс карда, нодурустиву муваффақияти онҳоро бо далоили комилан илмӣ ҷамъбаст намудааст. Дар мубоҳиса бештар ганҷинаҳо, сиккаҳои алоҳида ва сарчашмаҳои хаттиро истифода намуда, доир ба таърихи замони Кушониён саҳифаҳои навро рӯйи китоб овардааст. Иброз менамояд, ки гурӯҳи сиккаҳое, ки баъд аз вафоти шоҳони алоҳидаи юнону бохтарӣ ва кушонӣ аз номи онҳо зарб шуда, дар давраи кушониён ва пасокушонӣ дар гардиш қарор доштаанд, дар таъмини муомилоти пулӣ нақши муҳимро бозидаанд. Кашф гардидани шумораи зиёди сиккаҳои алоҳида ва ганҷинаҳо ҳангоми ковишҳои бостоншиносӣ нишонаи муҳимми хоси шаҳракҳои давраи кушонӣ мебошад, ки аз рушди баланди иқтисодиёт, тиҷорат ва муомилоти пулӣ гувоҳӣ медиҳад. Дар мақола бештар нақши Зеймал дар таҳқиқ ва тафсири омилҳои нумизматӣ таъкид мешавад, ки барои амиқтар намудани тасаввуроти илмӣ дар бораи равандҳои таърихии иҷтимоӣ ва фарҳангии он замон мусоидат намудааст. Дар хотимаи мақола ба зарурат ва аҳаммияти омӯзиши минбаъдаи ҳамаҷонибаи таърихи Кушониён, ки барои мутахассисони соҳаи бостоншиносӣ, таърих ва нумизматика аҳаммияти хос дорад, ишора мегардад.

Сведения

Журнал
Historian
Опубликовано
2025 · № 3 (43)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2709-7382
Издатель
ИНСТИТУТ ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ АХМАДА ДОНИША НАЦИОНАЛЬНОЙ АКАДЕМИИ НАУК ТАДЖИКИСТАНА