Central AsianResearch Index

САҲМИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲКИМИ МАҚОМИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Дар мақолаи мазкур муаллиф дар асоси маводи илмӣ роҷеъ ба саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими мақоми забони тоҷикӣ маълумот медиҳад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи масъулияти хеш бар ҳайси роҳбари сиёсии кишвар ба ҷойгоҳи забон таваҷҷуҳи беандоза доранд ва забони тоҷикӣ, дар андешаи ӯ, бар масобаи яке аз рукнҳои асосии ҳувияти миллии тоҷикистониён аз мавқеияти хоссае бархӯрдор мебошад. Сарвари давлат мутмаинанд, ки як риштаи пайванди неруманди таърихии муҳимро ҳамин забону адабиёти тоҷик ташкил додааст. Ӯ гиромидошти анъанаҳои миллиро аз ҷониби тоҷикон сабаби асосии дар арсаи таърих боқӣ мондани тоҷикон ҳисобида, бар он назар аст, ки ин омил чун сипар пайкари миллатро аз тирҳои кушанда, ки душманони фарҳанги тобноки мо ба таври фаровон ба ҷониби ниёгони мо ҳаво додаанд, ҳимоя кардааст. Дар ин давра бо мақсади назорати сиёсати забонии давлат Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки фаъолияти он дар доираи қонунҳои мавҷуда ба тадбирҳои мушаххас андешидан дар самти равнақи забони тоҷикӣ нигаронида шудааст. Имрӯз кумитаи мазкур бо фарогирии воҳидҳои кории махсус сиёсати забонии давлатро пеш бурда, мақоми сохтори идоракунандаи манфиатҳои забониро соҳиб аст. Самараи фаъолияти он нишон дод, ки дар сиёсати забонии давлат ҳоло ҳам норасоиҳо ба чашм расида, ҳалли саривақтии худро интизоранд.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 5 (118)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни