САҲМИ АКАДЕМИК Е. Н. ПАВЛОВСКИЙ ДАР ТАШАККУЛ ВА РУШДИ ИЛМИ ПАРАЗИТОЛОГИЯИ ТОҶИКИСТОН
Дар мақола доир ба масоили саҳми олимони шинохта – асосгузори паразитологияи Шуравӣ, табиби ҳозиқ , академики Академияи илмҳои ИҶШС ва Академияи илмҳои тибби ИҶШС Евгений Никанорович Павловский дар раванди мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ дар Тоҷикистон мавриди таҳқиқ ва таҳлил қарор гирифтааст. Дар он муаллиф, қабл аз ҳама, ба экспедитсияи илмие, ки дар соли 1928 таҳти роҳбарии академик Е. Н. Павловский аз ҷониби АИ ИҶШС роҳандозӣ гардида, ҳадафи омӯзиш ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятиро пайгирӣ мекард, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намудааст. Ин экспедитсия дар таърихи омӯзиши бемориҳои сироятӣ такони ҷиддӣ бахшида, дар натиҷаи он таҳқиқоти зиёди илмӣ ҷиҳати омӯзишу муолиҷаи бемориҳои мухталифи сироятӣ ба анҷом расиданд, ки бешубҳа оғози илми тибби Тоҷикистони Шуравӣ буда, то ҳол мавриди истифодаи васеи олимону муҳаққиқони соҳа қарор гирифтаанд. Экспедитсияҳои илмии академик Е. Н. Павловский, ки дар солҳои 30-40-уми асри ХХ дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон ба анҷом расида, дар натиҷаи онҳо бемориҳои зиёди сироятӣ омӯхта шуда, роҳу василаҳои муолиҷаи онҳо пайдо гардиданд, ки меҳвари таҳқиқоти муаллифи мақоларо ташкил медиҳанд.
Сведения
- Журнал
- Historian
- Опубликовано
- 2024 · № 4 (39)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2709-7382
- Издатель
- ИНСТИТУТ ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ АХМАДА ДОНИША НАЦИОНАЛЬНОЙ АКАДЕМИИ НАУК ТАДЖИКИСТАНА