Central AsianResearch Index

САҲМИ АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ ДАР ИНКИШОФИ ИЛМУ ТЕХНИКА ДАР АСРҲОИ МИЁНА

Мақола ба таҳлили осори ганӣ ва гаронбаҳои Абурайҳони Берунӣ дар донишҳои ситорашиносӣ , риёзиёт, ҳисоб, ҳандаса, мусаласот (тригонометрия), ҷугрофиё, илми табиӣ (физика) ва маъданшиносӣ (минералогия) бахшида шудааст. Дар заминаи сарчашмаҳои аввалия саҳми арзишманди нобигаи овозадор Абӯрайҳони Беруни дар инкишофи донишҳои ситорашиносӣ риёзиёт ва табииёт нишон дода шудааст.Қайд карда мешавад, ки Берунӣ дар Хоразм ҳавзаи илмие таъсис дод, ки ба таҳқиқи масъалаҳои нуҷум пардохта, дар баробари дигар кашфиёт аввалин бор назарияи ҳаракати Офтобро пешниҳод намудааст. Саҳми Берунӣ дар инкишофи илму техника дар асрҳои миёна хеле бузург буда, дар ин замина бештар аз саду панҷоҳ осори илмӣ - тадқиқотӣ таълиф намудааст, ки онҳо минбаъд дар инкишофи улум ва технологияи саноатии Аврупо таъсири боризе расонидааст.

Сведения

Опубликовано
2022 · № 4 (73)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2077-4990
Издатель
Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова