САҲМИ АБДУЛАҲАД ҚАҲҲОРОВ ДАР РУШДИ ШАБАКАҲОИ БОЙГОНӢ ДАР ТОҷИКИСТОН
Дар мақола ҳаёт ва фаъолияти арбоби намоёни ҳизбию давлатӣ, сиёсатмадори бозаковату хирадманд Абдулаҳад Қаҳҳоров, саҳми дар рушди бойгонии ҷумҳурӣ ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст. Қайд карда мешавад, ки Абдулаҳад Қаҳҳоров дар тӯли фаъолияти меҳнатии худ вазифаҳои пурмасъулиятро бар ӯҳда дошт. Аз соли 1973 ба нафақа баромада, солҳои 1974-1984 вазифаи сардори Сарраёсати бойгонии назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистонро ба зимма дошт. Абдулаҳад Қаҳҳоров ҳамчун сарвари идораи Бойгонии марказии давлатӣ тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ ҳама бойгониҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва байниидоравиро бо биноҳои наву маводи зарурӣ таҷҳизонад. Саҳми дар рушди шабакаҳои бойгонӣ ва ганӣ гардонидани хазинаи бойгонии ҷумҳурӣ бузург аст.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · № 4 (73)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2077-4990
- Издатель
- Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова