Central AsianResearch Index

САҲМИ ҶАББОР РАСУЛОВ ДАР РУШДИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКИСТОН

Дар мақола саҳми арбоби барҷастаи сиёсиву давлатӣ Ҷаббор Расулович Расулов дар рушди фарҳанги Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф дар асоси маводи амалӣ фаъолияти Ҷаббор Расуловро дар тайёр намудан ва тарбия кардани зиёиёни ҷавони эҷодкор таҳқиқ намудааст. Қайд карда мешавад, ки Ҷаббор Расулов дар давраи роҳбари ҶШС Тоҷикистон будан барои пешрафти муассисаҳои маданию маърифатӣ , дастаҳои эҷодӣ ва санъати театр хизмати арзанда кардааст. Хотирнишон мешавад, ки дар замони роҳбарии Ҷаббор Расулов таваҷҷуҳи хоса ба ғамхорию дастгирии адибон дода шудааст. Нишон дода мешавад, ки барои таҳкими дӯстии халқҳо баргузории рӯзҳои адабиёт ва санъати ҷумҳуриҳои бародари собиқ ИҶШС мусоидат менамуданд.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 2 (75)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2077-4990
Издатель
Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова