Central AsianResearch Index

РУШДИ УСТУВОРИ МИНТАҚА: ИННОВАТСИЯ, АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ ВА РАҚОБАТПАЗИРӢ

Мақола ба таҳлили мавқеъ ва нақши ин равандҳо дар таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии минтақа бахшида шудааст. Муносибати назариявии муаллиф ба арзёбии робитаи байни равандҳои инноватсионӣ, баланд бардоштани рақобатпазирӣ, нигоҳ доштани амнияти иқтисодии минтақа ва таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ дар асоси таҳлили мактабҳои пешқадами илмии ватаниву хориҷӣ дар ин самт оварда шудааст. 166 Баррасии муаммои рушди устувори системаҳои иҷтимоию иқтисодии сатҳҳои зинанизоми гуногун, аз ҷумла минтақа номгўи васеи масъалаҳоро дар бар мегирад, ки дар байни онҳо масъалаҳои ҳавасмандгардонии фаъолияти инноватсионӣ , баланд бардоштани рақобатпазирии фаъолияти иқтисодӣ дар баробари таъмини амният ва рушди устувор нақши махсусро ишғол менамояд.

Сведения

Опубликовано
2023 · № 4.1 (38)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет