РУШДИ ТРИГОНОМЕТРИЯ ВА НАҚШИ ОН ДАР ОМОДАГИИ ХОНАНДАГОН БА ОМӮЗИШИ МАТЕМАТИКА
Мақолаи илмӣ-методӣ ба масъалаи такмили методикаи таълими функсияҳои тригонометрӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар заминаи истифодаи технологияҳои муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ бахшида шудааст. Дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ воридсозии воситаҳои интерактивӣ, муҳитҳои ҳисоббарории компютерӣ ва платформаҳои визуализатсионӣ ба раванди таълими математика ҳамчун омили муҳими баланд бардоштани сифати таълим баррасӣ мегардад. Дар мақола аҳамияти омӯзиши функсияҳои тригонометрӣ барои рушди тафаккури мантиқӣ, қобилиятҳои таҳлилӣ ва малакаҳои моделсозии хонандагон асоснок карда шуда, зарурати ҷорӣ намудани равишҳои инноватсионӣ дар таълим таъкид мешавад. Дар асоси таҳлили адабиёти илмӣ ва таҷрибаи амалии омӯзгорон мушкилоти мавҷуда дар дарки функсияҳои тригонометрӣ ва истифодаи графикҳои онҳо муайян гардида, роҳҳои ҳалли онҳо пешниҳод шудаанд. Махсусан, истифодаи барномаҳои компютерии таълимӣ, аз ҷумла Symbolab ва дигар муҳитҳои ҳисоббарорӣ ҳамчун воситаи баланд бардоштани самаранокии дарсҳо ва фаъолнокии маърифатии хонандагон арзёбӣ мегардад. Натиҷаҳои таҳқиқот нишон медиҳанд, ки ҳамгироии усулҳои анъанавии математикӣ ва технологияҳои рақамӣ ба беҳтар шудани фаҳмиши назариявӣ, рушди малакаҳои таҳлилӣ ва болоравии шавқи омӯзиш мусоидат мекунад. Мақола метавонад барои омӯзгорони математика ва муҳаққиқони соҳаи методикаи таълим манфиатовар бошад.
Сведения
- Опубликовано
- 2026 · Т. 9, № 2 (соц.-гум.)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3078-395X
- Издатель
- Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан