Central AsianResearch Index

РУШДИ ТИҶОРАТИ ЭЛЕКТРОНӢ: ДУРНАМО ВА ТАМОЮЛҲО

Мақола ба ташаккул ва рушди тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар мақола муаллиф диққати худро ба муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли мушкилоти тиҷорати электронӣ дар қаламравӣ кишвар равона кардааст. Аз ҷониби муаллиф шумораи истифодабарандагони Интернет дар ҷаҳон ва нархномаи он барои соли 2023 муайян карда шудааст. Инчунин мафҳумҳои асосӣ доир ба тиҷорати электронӣ аз нигоҳи мутахассисон маълум карда шуда, дар асоси он таърифи муаллифӣ пешниҳод карда шудааст. Муаллиф қайд менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи ибтидоии рақамикунонии соҳаҳо қарор дошта бошад ҳам, оғози қадамҳои нахустини худро барои гузариш ба рақамикунонии иқтисодиёт дар кишвар тавассути фаъолияти технологияи иттилоотӣкоммуникатсионӣ дар соҳаҳои мухталифи кишвар ба роҳ монда, солҳои охир доир ба рушди тиҷорати электронӣ як қатор дастовардҳоро ноил гардидааст. Дар мақола моҳият ва зарурияти консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври пурра инъикос гардидааст.

Сведения

Опубликовано
2024 · № 2.1 (41)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет