Central AsianResearch Index

РУШДИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ ВА РАҚАМӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар мақолаи мазкур рушди технологияҳои иттилоотӣ ва рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин марҳилаҳо ва роҳҳои истифодабарӣ, мушкилот ва ҳалли онҳо ба таври мушаххас, бо таҳлили пурра дар намуди ҷадвалу диаграммаҳо тадқиқ шудааст. Марҳилаҳои рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ асосан аз ташаккул ва пешрафти асосии он дар саноати иттилоотӣ вобастаанд. Иқтисоди рақамӣ дар оянда нуфузи бештар хоҳад дошт, зеро таҷҳизоти саноати интернет , мошинҳои худкор ва дигар технологияҳо рушд мекунанд, чунки вазифаи онҳо коркарди иттилоот , ҳамбастагӣ ва алокамандии системаҳо, бехатарӣ ва шафофият дар системаи идоракунӣ , оптимизатсия ва такмил додани равандҳои истеҳсолӣ ва идоракунӣ , самаранок ва баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, ворид намудани навоварӣ дар истеҳсолот ва идоракунӣ мебошад. Мақсади тадқиқот аз он иборат аст, ҳангоми тадбиқи ТИР якчанд ҷиҳатҳои мусбӣ ва бартариятҳоро мушоҳида кардан мумкин аст, аз ҷумла сарфаи вақт, сарфаи маблағ, интихоб, рақобатпазирӣ, дастрасӣ ба иттилоотҳои электронӣ доир ба молу маҳсулот, шаффофият ва эътимоднокӣ.

Сведения

Опубликовано
2024 · № 4 (43)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет