РУШДИ ТАШКИЛОТҲОИ МОЛИЯВИЮ ҚАРЗӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР: ТАҶРИБАИ ХОРИҶӢ
Дар мақола махсусият ва ташаккулёбии рушди ташкилотҳои молиявию қарзӣ дар шароити муосир дар кишварҳои хориҷӣ баррасӣ мегардад. Рушди ташкилотҳои молиявию қарзӣ дар фаъолияти хоҷагидории ҳар як кишвар шарти муҳими инкишофи бозори молиявӣ ва таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ ба шумор меравад. Қайд мегардад, ки нақши ташкилотҳои молиявию қарзӣ на фақат дар пешниҳоди хизматрасонии молиявӣ ва фаъолияти бонкӣ, балки дар иштироки фаъоли идораи дороиҳои молиявӣ ва таъсиси фазои мусоид дар сатҳи глобалӣ ифода мегардад. Инчунин низоми бонкӣ на танҳо ба шарти муҳими ҳаёти иқтисодии кишварҳои ҷаҳон, балки ба муҳимтарин унсури рушди фаъолияти хоҷагии умумиҷаҳонӣ низ табдил ёфтааст. Диққати махсус ба функсияҳо, принсипҳо ва шартҳои ташаккулёбии ташкилотҳои молиявию қарзӣ дар кишварҳои хориҷӣ равона гардидааст, ки истифодаи вариантҳои имконпазири онҳо барои кишвар ҷолиб арзёбӣ мегарданд.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 4.1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет