РУШДИ СОҲИБКОРӢ ДАР ЗАМИНАИ ТАШАККУЛИ САРМОЯИ ИНСОНӢ
Мақолаи мазкур ба омӯзиш ва таҳлили нақши соҳибкорӣ ҳамчун яке аз омилҳои муҳими рушди устувори иқтисоди миллӣ бахшида шудааст. Дар он моҳият, вазифа ва хусусиятҳои фаъолияти соҳибкорӣ , ҳамчунин таъсири он ба рушди иқтисодӣ , иҷтимоӣ ва технологӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифтааст. Дар мақола соҳибкорӣ ҳамчун муҳаррики асосии пешрафти иқтисодӣ арзёбӣ шудааст. Инчунин нақши соҳибкорӣ дар баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ, афзоиши истеҳсолот, ғанисозии буҷети давлатӣ ва ҷалби сармоя бориз арзёбӣ гаштааст. Дар мақола сармояи инсонӣ ҳамчун омили стратегӣ дар рушд ва фаъолияти соҳибкорӣ эътироф гардида, муаллиф сатҳу сифати зиндагии аҳолиро аз донишу маҳорат ва малакаи касбии соҳибкорон ва хизматрасонии онҳо вобаста мешуморад.
Сведения
- Журнал
- Economy of Tajikistan
- Опубликовано
- 2026 · Т. 1, № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2310-3957
- Издатель
- Институт экономики и демографии Национальной академии наук Таджикистана