РУШДИ НИЗОМҲОИ МИЛЛИИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВИИ ИҚТИСОДӢ
Рушди ҳамгироии иқтисодии байналмилалӣ, равандҳои ҷаҳонишавӣ ва рақамикунонии иқтисодиѐт, инчунин воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми иқтисодии ҷаҳонӣ ба ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартибдиҳии ҳисоботи молиявии субъектҳои иқтисодӣ таъсир мерасонанд. Дар чунин шароит низоми баҳисобгирии муҳосибии миллӣ заминаи муҳимтарин барои рушди муносибатҳои байни субъектҳои иқтисодии мамлакатҳои мухталиф ва иқтисодиѐти миллӣ мегардад. Вале он барои ҳамаи мамлакатҳо ягона нест, дар ҳар як мамлакат қоидаҳои махсуси пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва омодасозии ҳисоботи молиявӣ таҳия ва истифода мешаванд, ки маҳз дар муҳтавои низоми миллии баҳисобгирии муҳосибӣ инъикос меѐбанд. Дар мақолаи мазкур масъалаҳои рушди низомҳои миллии баҳисобгирии муҳосибӣ бо таъсири равандҳои ҷаҳонишавии иқтисодиѐт баррасӣ мешаванд. Қайд карда мешавад, ки низомҳои миллии баҳисобгирии муҳосибӣ ботадриҷ ташаккул ѐфта, таърихан ҳамаи хусусиятҳои рушди давлатро дар худ таҷассум мекунанд. Бино бар ин, ҳар як низоми баҳисобгирии муҳосибии дар мамлакати алоҳида пойдоргардида дорои хусусиятҳои фарқкунандаи худ мебошад.
Сведения
- Журнал
- Bulletin of the Tajik Pedagogical Institute in Rasht District. Law, History and Economics Series
- Опубликовано
- 2024 · Т. 2, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 3079-1758
- Издатель
- Таджикский педагогический институт в Раштском районе