Central AsianResearch Index

РУШДИ ФАРҲАНГ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

Мақолаи мазкур доир ба омӯзиши таърихи ҳунару ҳунармандӣ , рушд ва ташаккули он дар замони собиқ давлати Шуравӣ, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва ташаккули он дар замони муосир ва хизмати шарқшиносони рус А.А.Бобринкий ва А.А.Семёнов дар тадқиқи ҳунарҳои мардумӣ, маълумот медиҳад. Бояд қайд кард, ки дар баробари кушодашавии Академияи илмҳои Тоҷикистон (14.04.1951) ва Институти, таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш дар омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ мардумшиносони намоён М.С.Андреев, Н.А.Кисляков, Е.М.Пешеров, З.Широкова, Б.Х. Кармишева, М.Р.Раҳимов ва мудирони шуъбаи мардумшиносии Институти таърих А.К.Писарчик (солҳои 1951-1965), Н.Н. Ершов (1965-1971), М.А. Ҳомидҷонова (1971-1985), И.Муҳиддинов (1985-1990), З. Юсуфбекова (1990-1998), З. Мадаминҷонова (1998-2007) ва Л. Додхудоева (2008 то кунун) нақши калон бозиданд.

Сведения

Опубликовано
2026 · № 1
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3105-9228
Издатель
Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан