РОБИТАИ НАМУДҲОИ БАҲИСОБГИРӢ ДАР НИЗОМИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБИИ СУБЪЕКТҲОИ ИҚТИСОДӢ
Дар мақола масъалаҳои муайян кардани мақоми намудҳои алоҳидаи баҳисобгирии муҳосибӣ дар низоми ягонаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ташкили робитаи байни онҳо таҳқиқ шудаанд. Ба раванди ташаккули низоми миллии баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ диққат дода шуда, масъалаҳои танзимкунии он баррасӣ шудаанд. Вазифаҳои асосии баҳисобгирии муҳосибӣ ҳамзамон дар доираи баҳисобгирии молиявӣ , баҳисобгирии идоракунӣ ва баҳисобгирии андоз таҳқиқ шуда, тасдиқ карда мешавад, ки маҳз баҳисобгирии молиявӣ иҷрои вазифаи асосии баҳисобгирии муҳосибӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ҳамчун ба шахсони манфиатдор пешниҳод кардани иттилооти пурра ва дақиқ оид ба вазъи молиявӣ, натиҷаҳои молиявӣ ва тағйирёбии вазъи молиявии субъекти иқтисодӣ муайян кардааст, таъмин мекунад. Хусусиятҳои пешбурди намудҳои алоҳидаи баҳисобгирии муҳосибӣ таҳлил ва арзёбӣ карда шуда, тасдиқ карда шудааст, ки баҳисобгирии муҳосибӣ ҳамчун низом танҳо дар робитаи байниҳамдигарӣ ва ҳамгироии намудҳои худ бояд баррасӣ карда шавад, зеро дар чунин шароит низоми пурра, ягона ва ҳамаҷонибаи баҳисобгирии муҳосибӣ дар субъектҳои иқтисодӣ бунёд шуда ва рушд карда метавонад.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · № 4 (43)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет