Central AsianResearch Index

РОБИТАИ ҒАЙРИВЕРБАЛӢ ДАР ОДОБИ МУҲОВАРАТИ ТОҶИКӢ

Бори аввал вижагиҳои робитаи ғайривербалӣ дар одоби муҳоварати тоҷикӣ , дар асоси осори насри муосири тоҷик мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор гирифтааст. Зикр шудааст, ки таҳқиқи одоби муҳоварат аз муҳимтарин масоили таҳқиқии лингвистикаи муосир ба ҳисоб меравад. Нақши робитаи ғайривербалӣ дар одоби муҳоварати тоҷикӣ дар асоси корҳои илмии олимони варзида А.П. Садохин, М. А. Поваляева, И. А. Крим, Б. Бобоҷонова баррасӣ шудааст. Муҳақиқ асосан ду ҷанбаи одоби муҳоварат: ҷанбаи ахлоқӣ ва забониро ба риштаи таҳқиқ кашидааст.Тафовути робитаи ғайривербалӣ ва вербалӣ муайян карда шудааст. Таъкид гардидааст, ки дар раванди муошират ба сифати восита ғайр аз забон инчунин оҳанги эҳсосӣ, имою ишора, ҳаракати бадан, фосила, мимика , тарзи ист истифода мешавад.

Сведения

Опубликовано
2025 · Т. 103, № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП