Central AsianResearch Index

РОБИНДРАНАТ ТАКУР ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ШАРҚ ВА ҒАРБ

Робиндранат Такур яке аз бузургтарин мутафаккирон, шоирон ва маорифпарварони асри ХХ буда, дар таърихи фарҳанги ҷаҳонӣ ҳамчун пайвандгари тамаддуни Шарқу Ғарб мавқеи хос дорад. Ӯ соли 1913 барандаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт гардид ва аввалин намояндаи Шарқ буд, ки ба чунин эътирофи ҷаҳонӣ ноил шуд. Осори ӯ, аз ҷумла маҷмуаи ашъори «Гитанҷалӣ», ҷаҳонбинии инсонгароёна, ҳамзистии фарҳангҳо ва ваҳдати маънавии башариятро тараннум мекунад. Такур дар замоне зиндагӣ мекард, ки Ҳиндустон зери истеъмори Британия қарор дошт ва ҷомеаи шарқӣ бо таъсири арзишҳои ғарбӣ рӯ ба рӯ мешуд. Ӯ на ҷонибдори тақлиди кӯр-кӯрона ба Ғарб буд ва на ҳомии инзивои фарҳангии Шарқ. Баръакс, Такур ба муколамаи тамаддунҳо, ғанигардонии мутақобила ва ҳамдигарфаҳмии халқҳо бовар дошт. Ба андешаи ӯ, ҳар тамаддун дорои арзишҳои нодир аст ва пешрафти инсоният танҳо дар заминаи ҳамкорӣ ва эҳтироми мутақобил имконпазир мебошад. Фаъолияти маорифпарваронаи ӯ низ ба ҳамин ғоя асос ёфта буд. Ӯ муассисаи таълимии Шантиникетанро таъсис дод, ки дар он омӯзиш бар пояи озодандешӣ, эҳтиром ба табиат ва шиносоӣ бо фарҳангҳои гуногун сурат мегирифт. Ин муассиса баъдан ба донишгоҳи байналмилалӣ табдил ёфт ва рамзи муколамаи Шарқу Ғарб гардид. Дар осори адабии Такур омезиши анъанаҳои фалсафаи ҳиндӣ бо арзишҳои гуманизми аврупоӣ мушоҳида мешавад. Ӯ мафҳумҳои озодӣ, шаъну шарафи инсон ва муҳаббатро ҳамчун арзишҳои умумибашарӣ тавсиф намуда, зидди таассуб ва миллатгароии ифротӣ баромад мекард. Ба ҳамин тартиб, Такур на танҳо шоири миллӣ, балки мутафаккири ҷаҳонӣ буд, ки бо андеша ва эҷодиёти худ пуле миёни ду ҷаҳони фарҳангӣ бунёд намуд.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 10, № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Казахский
ISSN
3078-395X
Издатель
Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан