РОҲҲОИ ТАТБИҚИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР ДАРСҲОИ ДОНИШГОҲҲОИ ҒАЙРИЗАБОНӢ
Мақола ба баррасии роҳҳои татбиқи технологияҳои навоварона дар дарсҳои донишгоҳҳои ғайризабонӣ бахшида шудааст. Дар он маҷмӯи шартҳои педагогии таълими мухобиравии забони русӣ дар донишгоҳ пешниҳод мешавад. Диққати асосӣ ба пиёдасозии усулҳои мухобиравии таълим дар фароянди ёдгирии забони ғайримодарӣ, аз қабили бозиҳои нақшофаринии иртибот(коммуникатив)-ӣ, ҳолатҳои нутқ, бозиҳои мубоҳисавӣ, бозиҳои мухобиравии дастаҷамъӣ, методи кейс, «ПОПС-формула», усули лоиҳа, сафари ғоибона, озмунҳо, намоишҳо, афсонаҳо, рӯнамоиҳо, баҳсҳо ва ғайра равона карда шудааст. Муаллифон ба ин натиҷа расидаанд, ки ин шаклҳои таълим аз имтиҳони замон гузашта, самаранокии худро на танҳо дар шаклгирии салоҳиятҳои фаннии забони хориҷӣ, балки дар ҷиҳати инкишофи маърифатӣ, иҷтимоӣ ва коммуникатсионии донишҷӯён низ собит намудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 2 (75)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2077-4990
- Издатель
- Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова