Central AsianResearch Index

РОҲҲОИ ТАРҶУМАИ ФРАЗЕОЛОГИЗМҲО АЗ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ БА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Дар мақолаи мазкур масоили роҳҳои тарҷумаи фразеологизмҳо аз забони англисӣ ба забони тоҷикӣ ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст. Дар мақола панҷ роҳи тарҷумаи идиомаҳо ва ВФ муайн карда шуданд, ки онҳо чунинанд: муодилҳои фразеологӣ, интихоби тамсили (аналоги) идиоматикӣ , тарҷумаи маъноӣ (ё ин ки қаринаи (контекстуалӣ), тарҷумаи таҳтуллафзӣ ва тарҷумаи тасвирӣ . Таҳқиқоти анҷомдодашуда дар мақола нишон медиҳад, ки равиши ягона дар тарҷумаи ибораҳои фразеологӣ вуҷуд надорад. Интихоби метод аз омилҳои ба монанди забони тарҷума , контекст, обуранги услубӣ, эмотсионалӣ ва миллии тарҷума , мавҷудияти воҳидҳои фразеологии шабеҳ дар забони тарҷума ва ғайраҳо вобаста аст. Мувофиқи ақидаи мо, шахсияти тарҷумон, дониши ӯ оид ба фарҳанги бегона, таҷриба ва малакаи тарҷумонии нақши охиринро намебозанд. Калидвожаҳо: фрзеологизм , воҳидҳои фразеологӣ , ибораҳои фразеологӣ , тарҷума , роҳу усулҳои тарҷума , муодил , муодилҳои пурра , муодилҳои нопурра , интихоби тамсили (аналоги) идиоматикӣ , тарҷумаи таҳтуллафзӣ ва тарҷумаи тасвирӣ .

Сведения

Опубликовано
2025 · № 2 (115)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни