РОҲҲОИ ТАКМИЛИ СИЁСАТИ АНДОЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Мақола ба мавзуи хеле муҳим ва рӯзмарра бахшида шудааст. Дар он масоили вобаста ба такмил додани сиёсати андоз мавриди муҳокима қарор гирифтааст. Муаллиф кӯшиш намудааст, ки зарурияти баланд бардоштани сатҳи илмии сиёсати андозро асоснок намояд. Пеш аз ҳама у ба захираҳои ҳақиқии афзоиши мутлақи андозҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ овардааст ва исбот намудааст, ки чунин сиёсат натанҳо пеши роҳи задухӯрди байни субъектҳои хоҷагиро бигирад, балки ин манфиатҳоро торафт бештар ба ҳамдигар мувофиқ кунонад. Дар мақола роҳҳои баланд бардоштани мавқеи сиёсати андоз дар механизми ҳавасмандгардонии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ муҳокима шудаанд. Ин бобат таклифҳои илман асоснок пешбинӣ гардидаанд. Исбот гардидааст, ки чорабиниҳо оид ба афзоиши хазинаи андозии давлат ба талаботи он ҳамчун давлати иҷтимоӣ мухолифат накунад. Хулоса ва пешниҳодҳои дар мақола овардашуда ба масоили кам кардани коррупсия ва ғоратгарии хароҷоти буҷа , инчунин аз байн бурдани коррупсия дар мақомоти андоз ба таври махсус эътибор дода шудааст. Мақола барои ходимони муассисаҳои илмӣтадқиқотӣ, устодони мактабҳои олӣ ва донишҷӯёни факултаҳои иқтисодӣ таъйин гардидааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 1 (44)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2663-0389
- Издатель
- Таджикский государственный финансово-экономический университет