Central AsianResearch Index

РОҲҲОИ МУКАММАЛГАРДОНӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ АМАЛИЁТИ АСЪОРӢ ДАР БОНКҲОИ ТИҶОРАТӢ

Дар мақола масъалаҳои марбут ба такмили амалиёти асъорӣ аз нуқтаи назари дурнамои рушди онҳо баррасӣ карда мешаванд. Соҳаҳое, ки такмилро талаб мекунанд, муайян ва асоснок карда шудаанд. Намудҳои алоҳидаи амалиётҳои асъорӣ, ки дар оянда дар бахши бонкӣ метавонанд васеъ истифода шаванд, муфассал баррасӣ гардидаанд. Пешниҳодҳои муаллиф дар бораи қонунигардонӣ ва истифодаи криптоасъор, ки солҳои охир дар як қатор кишварҳои мутараққӣ бештар истифода мешаванд, мавриди таваҷҷуҳ ќарор ёфтаанд. Диверсификатсияи сандуқи қарзии асъории бонкҳои тиҷоратӣ , ки асосан аз қарзҳои долларӣ иборатанд, бо роҳи ҷорӣ намудани қарзҳои асъорӣ бо рубли русӣ, юани чинӣ ва лираи туркӣ ба коҳиш додани вобастагӣ аз доллари ИМА мусоидат хоҳад кард. Тадбирҳои мушаххасе, ки ба коҳиш додани амалиётҳои ғайриқонунии асъорӣ нигаронида шудаанд, пешниҳод карда шудаанд.

Сведения

Опубликовано
2020 · № 3 (84)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП