РОҶЕЪ БА ЯК НАВЪИ ИБОРАҲОИ ФЕЪЛИҲОЛИИ МАФҲУМИ ҲАМРОҲИДОШТА БО АЛОҚАИ ПЕШОЯНДӢ
Дар мақолаи мазкур оид ба як навъи ибораҳои феълиҳолии мафҳуми ҳамроҳидошта сухан меравад. Дар мақола оварда мешавад, ки дар забони адабии ҳозираи тоҷик як қатор феълҳои ҳоли мафҳуми ҳамроҳидошта мавҷуданд, ки дар ифодаи муносибати ҳамроҳӣ дар шаклу қолабҳои гуногун истеъмол мешаванд. Онҳо дар ифодаи ин маънӣ хусусияти вобастакунӣ зоҳир намуда тафсил меёбанд ва онро бештар дар қолаби ибора ифода менамоянд. Ибораҳои феълиҳолии мафҳуми ҳамроҳидошта бо алоқаи вобастагӣ ташаккул меёбанд ва ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: ибораҳои феълиҳолии мафҳуми ҳамроҳидошта бо алоқаи пешояндӣ ва бо алоқаи пасояндӣ. Як қатор феълҳои ҳоли мафҳуми ҳамроҳидошта бо ёрии пешояндҳо, махсусан пешоянди “ба”, “бо”, “ҳамроҳи” калима ва ибораҳои дигарро ба худ тобеъ намуда, ибораҳои феълиҳолиро ташкил медиҳанд, ки дар ҷумла муностибати ҳамроҳиро бо иловаи тобиши таъкидӣ боз ҳам равшантар ифода менамоянд. Феъли ҳоли “ҳамроҳ шуда ” мафҳуми ҳамроҳ дошта, дар вазифаи ҷузъи асосии ибораҳои феълиҳолии мафҳуми ҳамроҳидошта серистеъмол аст.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 1 (114)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни