РОҶЕЪ БА ТАСНИФОТИ ЛАКУНАҲО ДАР ТАРҶУМАШИНОСӢ
Дар мақола муаллиф оид ба муҳимияти тарҷума дар замони муосир, мушкилоти дар раванди тарҷума бавуҷудоянда, роҳҳои бартараф кардани он маълумот дода, атрофи таснифоти лакунаҳо, ки яке аз қисматҳои воҳидҳои луғавии бемуодил мебошанд, дар такя ба ақидаи олимон пажӯҳиш анҷом додааст. Олимоне, чун И. А. Стернин, З. Д. Попова, М. А. Стернина, А. А. Махонина, Г. В. Бикова, Б. Дашидоржиева, С. Влахов ва С. Флорин лакунаҳоро ба гурӯҳҳои гуногун тасниф кардаанд, ки ҳар яке бо пешниҳоди далелҳо таснифи анҷомдодаи худро афзал мешуморад. Муаллиф ба хулосае омадааст, ки таҳқиқи дар ин самт анҷомдодаи В. Л. Муравёв (с. 1975) бисёр мукаммал ва гуногунпаҳлӯ буда, гиреҳкушои мушкилоти мавҷуда аст. Ин олим лакунаҳоро ба 2 гурӯҳи калон – лакунаҳои лингивстӣ ва лакунаҳои этнографӣ ҷудо кардааст. Муаллиф ба лакунаҳои лингвистӣ , ки ҷанбаи забонӣ доранд, таваҷҷуҳ зоҳир кардааст. В. Л. Муравёв лакунаҳои лингвистиро дар навбати худ ба 4 зергурӯҳ тақсим кардааст: мутлақ, нисбӣ, векторӣ, услубӣ, ки муаллифи мақола кӯшиш кардааст, ки бо мисолҳо ҳар яки онро шарҳ диҳад. Инчунин, бо мақсади исбот кардани асосҳои назариявии мақола мисолҳое, чун “jaywalking”, “facepalm”, “hand”, “grandparents”, “cousin”, “aunt” ва “uncle”, “translator” ва “interpreter” аз забони англисӣ ва “ширинкорӣ”, “саргузашт”, “ тарҷумон ”, “гетӣ”, “чеҳра”, “шумо” ва “ту” аз забони тоҷикӣ оварда, то андозае ба масъала равшанӣ бахшидааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · № 4 (117)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2219-5408
- Издатель
- Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни