Central AsianResearch Index

РОҶЕЪ БА РИСОЛАТИ ТАЪРИХИИ ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН

Таҳқиқу баррасӣ ва арзёбии воқеъбинонаи таърихи пайдоиш, ташаккул ва фаъолияти Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон яке аз мавзӯъҳои мубрами илми ҷомеашиносию сиёсатшиносӣ ба ҳисоб рафта, омӯзиши илмии он ба бисёр паҳлӯҳои ҳаёти сиёсӣ, ҷамъиятӣ, ғоявӣ ва маънавии ҷумҳурӣ равшанӣ хоҳад андохт. Дар мақолаи мазкур масъалаи зарурати ташкили Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, сабабҳои обективию субективии ба роҳ мондани ин ниҳоди ҷамъиятию сиёсӣ ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд мавриди баррасӣ ва таҳқиқи илмӣ қарор дода шудааст. Дар ин мақола таҳлили нақш ва мақоми Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар кори ба даст овардани сулҳ ва ризоияти ҷомеаи тоҷик, роҳҳои минбаъд ҳам баланд бардоштани нақши ин ниҳод дар таҳкими пояҳои давлатдории тоҷик, ҳувияти миллӣ ва меҳанпарастӣ мавқеи хосса касб намудааст.

Сведения

Опубликовано
2024 · Т. 101, № 4
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП