Central AsianResearch Index

РОҶЕЪ БА МУНОСИБАТҲОИ КАТЕГОРИЯСОЗ ДАР ИСМҲОИ ЗАБОНҲОИ АНГЛИСӢ ВА ТОҶИКӢ

Муносибатҳои категориясози исмҳои забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Қайд карда мешавад, ки исми забони англисӣ дорои се муносибати категориясоз мебошад: категорияи падеж , ки барои ифодаи муносибатҳои наҳвии онҳо бо дигар калимаҳои таркиби гуфтор ё тамоми гуфтор ба кор меравад; категорияи муайянию номуайянӣ , ки муносибати субъективонаи мусоҳибонро нисбати предмет ё предметҳое, ки дар гуфтор зикр мегарданд, ифода мекунад; категорияи шумора , ки маҷмӯи шаклҳои ба ҳам зидро дар бар мегирад, ки як ё зиёда аз як предметро дар назар дорад. Исми забони тоҷикӣ бошад, соҳиби ду муносибати катигориясоз аст: категорияҳои шумора ва муайяниву номуайянӣ. Категоpияи муайяниву номуайянӣ маънои гpамматикӣ ва шакли махсуси сарфӣ, дошта аз дигаp категориҳои исм фарқ мекунад. Категорияи шумора яклухтӣ ё ҷудопазирии предметҳои номбаршавандаро ифода намуда, шаклҳои танҳову ҷамъи исм ифодаи грамматикии ин категория мебошанд.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 107, № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП