РОҶЕЪ БА МОРФЕМА ВА НАМУДҲОИ ОН ДАР СИСТЕМАИ МОРФОЛОГИИ ЗАБОНҲОИ МУОСИРИ АНГЛИСӢ ВА ТОҶИКӢ
Яке аз воҳидҳои хурдтарини маънодори забон – морфема дар системаи морфологии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ баррасӣ шудааст. Мутобиқи таснифоти морфемаҳо морфемаҳои калимасоз маънои лексикии калимаро тагйир дода, морфемаҳои грамматикӣ ѐ шаклсоз ба калима маънои грамматикӣ илова мекунанд. Яке аз таркибҳои морфемаҳоро аффиксҳо ташкил дода, дар забонҳои муқоисашаванда барои калимасозӣ ва ташаккули шаклҳои гуногуни ҳамон як калима хизмат мекунанд. Миқдори морфемаҳое, ки зиѐда аз як вазифаро иҷро мекунанд, дар забони тоҷикӣ назар ба забони англисӣ зиѐданд. Дар низоми морфологии забони англисӣ морфемаи флективӣ ва дериватсионӣ ва дар забони тоҷикӣ решагӣ ва ѐридиҳандаро ҷудо мекунанд. Морфемаҳои решагӣ унсури ҳатмии калима маҳсуб ѐфта, ба қатори морфемаҳои ѐридиҳанда суффиксҳо, префиксҳо ва аффиксҳо дохил мешаванд. Дар ҳар ду забон морфемаҳои сифрӣ мавҷуданд, ки аз лиҳози фонетикӣ ифода намешаванд.
Сведения
- Опубликовано
- 2022 · Т. 91, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП