РОҶЕЪ БА МАСОИЛИ АСОСНОККУНИИ ҲУҚУҚИИ МАФҲУМИ «РАВАНДҲОИ ИТТИЛООТӢ»
Масъалаҳои раванди иттилоотӣ дар бунёди ҷомеаи иттилоотӣ ва ҳамбастагии он бо мафҳумҳои « захираҳои иттилоотӣ » ва «низомҳои иттилоотӣ», ки чун объекти муносибатҳои ҳуқуқӣ ва чун предмети омӯзиши илмҳои соҳавии ҳуқуқӣ баромад менамоянд, таҳқиқ шудааст. Муайян шудааст, ки моҳияти мафҳуми « равандҳои иттилоотӣ » аз ҷониби илми информатика коркард шуда, фаъолияти ҳуқуқии мазкур чун амали субъектҳо нисбати худи иттилоот ва тағйирдиҳии иттилоот аз ҷониби онҳо фаҳмида мешавад. Мафҳуми « равандҳои иттилоотӣ » дар заминаи меъёрҳои конститутсионӣ ва меъёрҳои қонунгузории амалкунанадаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иттилоотонӣ ва бунёди ҷомеаи иттилоотӣ мудаллал карда шудааст, дар ин замина, инчунин муқоисаи меъёрҳои мавҷуда дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунгузории Федератсияи Русия сурат гирифтааст. Фикру ақидаҳои мутахассисони соҳа дар бораи раванди иттилоотонӣ оварда шудааст. Моҳияти истилоҳи « равандҳои иттилоотӣ » чун мафҳуми махсус, ки дар рафти иттилоотонӣ ва бунёди ҷомеаи иттилоотӣ мақоми махсус бозидаанд, ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Мавқеи муаллиф дар бобати фаъолияти ҳуқуқии мазкур асоснок карда шудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · Т. 94, № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП