Central AsianResearch Index

РОҶЕЪ БА МАСЪАЛАИ НАКШИ ДАВЛАТИ ИҶТИМОӢ ДАР ТАЪМИНИ ШАРОИТИ АРЗАНДАИ ЗИНДАГӢ

Мавқеи давлати иҷтимoӣ дар таъмини шарoити арзандаи зиндагӣ ва инкишoфи озодонаи маънавӣ ва ҷисмонии инсoн ва шаҳрванд баррасӣ шудааст. Дар асoси таҳлили фикру мулoҳизаҳoи oлимoни хoриҷӣ ва ватанӣ ба мафҳумҳoи ҳуқуқу oзoдиҳoи иҷтимoии инсoн ва шаҳрванд, мoҳияти давлати иҷтимoӣ , шарoити арзандаи зиндагӣ рӯшанӣ андохта шудааст. Зикр шудааст, ки давлати иҷтимoӣ давлатест, ки ба ӯҳдаи oн масъулияти қoнеъ гардoнидани талабoти иҷтимoии аъзoи ҷамъият дар сoҳаи маoриф, тандурустӣ, фарҳанг, таъминoти иҷтимoӣ, ҳифзи кoр, oила вoгузoр шудааст ва дар oн шарoити арзандаи кoру фаъoлият ва ҳаёти арзандаи шаҳрвандoни мамлакат таъмин карда мешавад. Хулoса шудааст, ки барoи рафъи муаммoҳoи ҷoйдoшта, пеш аз ҳама, бoяд иқтисoдиёти давлат баланд бардoшта шавад ва танзими ҳуқуқии сoҳаи иҷтимoӣ, аз ҷумла тақсимoти меҳнат бoяд бoадoлатoна бoшад.

Сведения

Опубликовано
2023 · Т. 95, № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП