Central AsianResearch Index

РОҲБУРДИ ТУРКИЯ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ: ЧОЛИШУ ФУРСАТҲО БАРОИ ТОҶИКИСТОН

Роҳбурди Туркия дар Осиёи Марказӣ аз дидгоҳи манфиатҳои миллии Тоҷикистон баррасӣ гардида, аҳаммияту мубрамияти пажуҳиш дар низоми равобити Душанбе ва Анқара бозкушоӣ шудааст. Панҷ омили ҷолишбарангез барои Тоҷикистон аз сиёсати Туркия дар Осиёи Марказӣ , ба монанди пантуркизм ва навусмонизм, Созмони давлатҳои туркӣ, рақобату зиддияти бо қудратҳои беруна, масъалаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон, таърихофарӣ барои минтақа баррасӣ мегардад. Дар ҷамъбаст фурсатҳо барои Тоҷикистон аз омили Туркия дар Осиёи Марказӣ дар шакли тавсияҳо пешкаш мешавад.

Сведения

Опубликовано
2023 · Т. 96, № 3
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП