Central AsianResearch Index

Равобити иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар солҳои 1991-2007

Дар мақола ҳамкории байналмилалии Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар солҳои 1991-2007, пеш аз қабули Стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар Осиѐи Марказӣ, таҳлил карда шудааст. Таъкид меравад, ки дар соли 2007 Иттиҳоди Аврупо «Стратегияи нави шарикӣ» ро барои кишварҳои Осиѐи Марказӣ қабул кард ва он яке аз ҳуҷҷатҳои муҳимест, сиѐсати хориҷии Иттиҳоди Аврупоро дар минтақаи Осиѐи Марказӣ инъикос намуда, соҳаҳои амният , маориф, демократия, волоияти қонун ва ҳуқуқи инсонро фаро мегирад. Тазаккур меравад, ки бо қабули ин стратегия, муносибатҳои ду минтақа ба сатҳи нав расид, ки ҳам дар сатҳи минтақавӣ ( Иттиҳоди Аврупо Осиѐи Марказӣ) ва ҳам дар шакли ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба тақвият ѐфт. Таҳлили ҳамкории байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои 1991 то соли 2007 нишон медиҳанд, ки сарфи назар аз тағирѐбии сиѐсати хориҷии онҳо дар баъзе марҳилаҳо, таҳкими ҳамкориҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба манфиати ҷонибҳо буд. Хотирнишон мешавад, ки Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият муносибатҳои худро бо Иттиҳоди Аврупо густариш дода, ҳамкориҳои он бо Иттиҳоди Аврупо пас аз имзои Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ дар соли 2004 ба сатҳи нав расид.Муайян карда шудааст, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯбаи ассотсиатсияҳои гуногуни интегратсионӣ хусусияти ѐрирасон дошта, дар айни замон созишномаҳои байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки барои ҳифзи суботи минтақавӣ ва соҳибихтиѐрии он, ки дар шароити кунунии геополитикӣ дар таъмини субот дар минтақаи Осиѐи Марказӣ ва дар маҷмӯъ дар Аврупо омили муҳим ба шумор меравад, иборат аст.

Сведения

Опубликовано
2019 · № 2 (59)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2077-4990
Издатель
Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова