Central AsianResearch Index

РАВИШҲОИ МУОСИРИ МЕТОДОЛОГӢ ДАР ТАҲЛИЛИ ИҚТИДОРИ САНОАТИИ МИНТАҚА

Ҷанбаҳои методологии арзёбии иқтидори саноатӣ дар иқтисодиёти минтақа баррасӣ шудааст. Дар он усулҳо ва нишондиҳандаҳои асосии муайян намудани иқтидори саноатӣ , инчунин принсипҳои интихоб ва татбиқи методҳои таҳлилӣ ба риштаи таҳлил кашида шудаанд. Зарурати таҳияи усулҳои дақиқ, ҳамаҷониба ва мутобиқ ба хусусиятҳои минтақавӣ барои арзёбии имкониятҳои истеҳсолӣ ва захираҳои саноатии минтақаҳо асоснок карда шудааст. Дар таҳқиқот усулҳои таҳлили низомманд, муқоисавӣ, оморӣ ва коэффисиентӣ истифода гардида, нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, захиравӣ ва иқтисодии минтақа ҳамчун заминаи арзёбии иқтидори саноатӣ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Барои муайян намудани сатҳи истифодаи иқтидор муносибати маҷмуӣ ба таҳлили иқтидори воқеӣ ва истифоданашуда, инчунин таъсири омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва табиӣ ба имкониятҳои истеҳсолии минтақа татбиқ карда шудааст. Натиҷаҳои таҳқиқот нишон медиҳанд, ки арзёбии ҳамаҷонибаи иқтидори саноатӣ барои ошкор намудани захираҳои истифоданашуда, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва таҳияи самтҳои афзалиятноки рушди саноатии минтақа аҳаммияти муҳим дорад. Маводди пешниҳодшуда барои такмили механизмҳои банақшагирии стратегӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ ва қабули қарорҳои асоснок дар сатҳи минтақавӣ замина фароҳам меорад.

Сведения

Опубликовано
2026 · Т. 108, № 3
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП