Central AsianResearch Index

РАВИШҲОИ МЕТОДОЛОГИИ БУНЁДШАВИИ НИЗОМҲОИ МИЛЛИИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ

Дар солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи корхонаҳое, ки ба низоми иқтисодии байналмилалӣ мепайванданд, зиёд шудааст. Чунин корхонаҳо ба хотири ҷалби сармояи хориҷӣ мехоҳанд ба бозорҳои ҷаҳонии сармоя роҳ ёбанд ва ҳамчунин маҳсулоти худро ба бозорҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба фурӯш бароранд. Дар ин маврид барои онҳо яке аз роҳҳои асосии расидан ба ҳадафҳои мазкур ин тартиб додани ҳисоботи молиявӣ бо такя ба муқаррароти стандартҳои байналмилалӣ ва риояи дигар санадҳои меъёрии танзимкунандаи равандҳои пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва омодасозии ҳисоботи молиявӣ мебошад. Тадриҷан наздик шудани қоидаҳои миллии баҳисобгирии муҳосибӣ ба амсилаи ҳамоҳангшудаи байналмилалӣ бояд афзоиши сармоягузориҳоро дар миқёси ҷаҳонӣ таъмин намуда, ба рушди умумии иқтисодиёти ҷаҳонӣ мусоидат кунад. Дар мақолаи мазкур масъалаҳои таҳия ва истифодаи равишҳои методологии ташкил ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ дар низомҳои миллии баҳисобгирии муҳосибӣ таҳқиқ мешаванд.

Сведения

Опубликовано
2024 · № 2 (41)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет