Central AsianResearch Index

РАВИШҲОИ МЕТОДИИ ТАШАККУЛИ СИСТЕМАИ НИШОНДИҲАНДАҲОИ МОЛИЯВӢ БАРОИ МАҚСАДҲОИ МЕНЕҶМЕНТИ МОЛИЯВӢ

Мақола ба таҳқиқи таъминоти иттилоотии менеҷменти молиявии корпоративӣ бахшида шуда, масъалаҳои ҳисобукитоби нишондиҳандаҳои молиявӣ дар асоси маълумоти баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявӣ барои мақсадҳои қабули қарорҳои идоравӣ баррасӣ шудааст. Аз ҷониби муаллифон механизми ташаккули системаи нишондиҳандаҳои молиявӣ барои мақсадҳои менеҷменти молиявӣ таҳия карда шудааст, ки равандҳои пайдарпай ва бо ҳам вобастаро дар бар мегирад. Дар мақола алгоритми ҳисобукитоби нишондиҳандаҳои асосии шаклҳои ҳисоботи молиявӣ ҳисобот оиди ҳолати молиявӣ, ҳисобот оиди фоида ва зарар ва ҳисобот оиди гардиши воситаҳои пулӣ таҳия ва пешниҳод карда шудааст, ки барои дуруст ҳисоб кардан ва дарки раванди ҳисобкунии нишондиҳандаҳо аз ҷониби мутахассисон мусоидат мекунад. Натиҷаҳои таҳқиқот аз ҷониби сармоягузорон, харидорон, таъминкунандагон, менеҷерон ва таҳлилгарони молиявӣ, инчунин аз ҷониби бонкҳо, ташкилотҳои қарзии хурд ҳангоми пешниҳоди қарз ба мизоҷони корпоративӣ барои баланд бардоштани сифати қабули қарорҳои муайяни идоравӣ ва молиявӣ метавонад истифода бурда шавад.

Сведения

Опубликовано
2024 · № 3 (42)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет