Central AsianResearch Index

РАВИШҲОИ АСОСИИ ШАРҲИ ҒАЗАЛИЁТИ МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ (ДАР МИСОЛИ ЯК ҒАЗАЛИ Ӯ)

Дар мақола равишҳои муҳимме, ки барои шарҳи ғазалиёти адабиёти классикӣ, хосатан ба ғазалиёти ишқии ирфонӣ мансубанд, аз ҷониби муаллиф пешниҳод карда шудаанд. Албатта, ҳар муаллиф дар шарҳу маърифати ғазалҳои шоирон мухтор аст ва вариантҳои гуногуни шурӯҳотро имрӯзҳо дучор мешавем, аммо баъзан аз маънии аслӣ ва ҳадафи шоирон дурравиҳо ба назар мерасад. Аз ин хотир, муаллифи мақола нигоҳу назари худро ба равишҳои асосӣ ва муҳимми шарҳи ғазалиёти шоири маъруфи асри ХIII адабиёти классикии форсии тоҷикӣ Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ (1207-1273) пешниҳод намудааст. Ҳамчун намуна баъд аз баёни равишҳои шарҳи ғазалҳо шарҳи ғазали «Эй боғбон, эй боғбон, омад хазон, омад хазон» оварда шудааст.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 5 (118)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2219-5408
Издатель
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни