Central AsianResearch Index

РАВИШҲО ВА ҚОЛАБҲОИ ВОЖАСОЗӢ ДАР ЗАБОНИ ФОРСИИ МУОСИР ДАР МИСОЛИ ИСТИЛОҲОТИ ДОМДОРӢ

Мақола натиҷаи пажуҳишҳои илмии муаллиф буда, фарогири масоили истилоҳу истилоҳофаринӣ дар забони форсии муосир дар мисоли истилоҳоти яке аз соҳаҳои калидии хоҷагии халқҳои дунё - домдорӣ ё худ парвариши ҳайвоноти хонагӣ мебошад. Нақши равишҳои асосии вожасозӣ бо қолабҳои пешванд+реша, реша+пасванд ва инчунин, мураккабшавӣ дар марҳилаҳои ташаккули забонҳои форсии бостон, миёна ва нав ҷиҳати офариниши истилоҳот тазаккур ёфта, бо мисолҳои мушаххас аз натиҷаи ковишҳои илмии муаллиф тақвият ёфтааст. Асосҳои назариявии равишҳои истилоҳофаринӣ дар забони форсии муосир дар мисоли истилоҳоти домдорӣ бар асоси таълифоти донишмандони рус, аврупоӣ, эронӣ ва тоҷик таҳия гардида, умумияту фарқияти андешаҳои олимон мавриди таҳлилу арзёбӣ ва натиҷагирӣ воқеъ шудааст. Таъкид мешавад, ки муҳаққиқони эронӣ, бо вуҷуди истифодаи ногузири вомвожаҳо дар баъзе ҳолатҳои истисноӣ, бештар саъй кардаанд ҷиҳати ифодаи мафҳумҳои нав ба имконоту зарфиятҳои вожасозии забони форсӣ такя кунанд.

Сведения

Опубликовано
2025 · № 4
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3105-9228
Издатель
Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан