Central AsianResearch Index

РАВАНДИ ТАЪСИС ВА ТАШАККУЛИ НИҲОДҲОИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ ДАР ҶМШС ТОҶИКИСТОН (1924-1929)

Объекти таҳқиқ раванди таъсис ва ташаккули ниҳодҳои мақомоти адлия дар Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Тоҷикистон (1924-1929) мебошад, ки дар ҳайъати ҶШС Ӯзбекистон ташкил шуда буд. Зикр гардидааст, ки дар ҷумҳурӣ дар ибтидо таҷрибаи ҶХШ Бухоро ва ҶМШС Туркистон ва қонунҳои амалкунандаи ҶШС Ӯзбекистон ва ИҶШС татбиқ мегардид. Дар давоми солҳои 1924-1929 дар ҶМШС Тоҷикистон Комиссариати адлия, шуъбаи Тоҷикистонии Суди Олии Ӯзбекистон, додгоҳҳои ноҳиявӣ , ҳуҷраҳои судяҳои халқӣ, сессияи меҳнатии додгоҳ, Суди Олӣ ташкил карда шуданд. Таъкид шудааст, ки дар ҳамин давра Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси мурофиаи гражданӣ, кодекси ҷангал, Кодекси замин, Кодекси истилоҳотию меҳнатӣ қабул карда шудаанд, ки онҳо ба кодексҳои дахлдори РСФСР монанд буданд, аммо тағйирот ва иловаҳои зиёдеро дарбар мегирифтанд, ки инъикоскунандаи хусусиятҳои маҳаллӣ буданд. Хулоса шудааст, ки раванди таъсис ва ташаккули мақомоти адлия дар ҶМШС Тоҷикистон як марҳилаи асосгузор ва муайянкунандаи таърихи ҳуқуқии кишвар буда, ба таҳкими истиқлолияти ҳуқуқии ҷумҳурӣ ва шаклгирии низоми ҳуқуқии миллӣ асос гузошт.

Сведения

Опубликовано
2025 · Т. 103, № 2
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2411-1945 · 3005-8023
Издатель
ТГУПБП