Central AsianResearch Index

РАВАНДҲОИ ИДОРАКУНИИ ОСЕБПАЗИРИИ НИЗОМИ БОНКИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар мақолаи мазкур яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар сатҳи иқтисодиёти ҳар як давлати мустақил аҳамияти байналмилалӣ дорад, осебпазирии низоми бонкӣ таҳлил гардидааст. Доир ба ин 148 мавзуъ як қатор таҳқиқотҳои ҳадафрас анҷом дода шудааст, ки дар шароити имрӯза мувофиқи мақсад аст. Воқеан, таҷрибаи солҳои охир нишон дод, ки низоми бонкӣ бо назардошти таъсири буҳрони молиявӣ дар аксар давлатҳои ҷаҳон осебпазир гардида, ба як қатор мушкилоти иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардид. Аз ин лиҳоз, муаллифон кӯшиш намудаанд, ки масъалаи мазкурро дар сатҳи низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш ва баррасии ҳаматарафа қарор диҳанд. Муаллифон осебпазирии низоми бонкиро дар давраи дуюми низоми бонкӣ бо таҳлили як қатор нишондиҳандаҳо ба роҳ монда, паёмадҳо ва нишондиҳандаҳои вобастаро таҳлил ва арзёбӣ намудаанд. Ҳамчунин, дар баробари ин, як қатор пешниҳодҳое, ки ба масъалаи осебпазирии низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад, коркард шудааст.

Сведения

Опубликовано
2021 · № 4 (28)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет