РАБАЗ - ҶУЗЪИ ШАҲРИ АСРИМИЁНАГИИ МОВАРОУННАҲРУ ХУРОСОН
Масъалаи ташаккули рабаз ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи шаҳри асримиёнагӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон баррасӣ шудааст. Маҳз дар натиҷаи ташаккули рабаз дар асри IX-X симои шаҳрдории шаҳрҳои Осиёи Миёна тағйир ёфта, онҳо ба марҳилаи дигари рушд гузаштанд. Роҳҳои пайдоиш ва инкишофи рабазҳо аз ҷумла афзоиши аҳолӣ, рушди истеҳсолоти ҳунармандӣ, инкишофи савдои дохилӣ ва беруна баён гардида, онҳо ҳамчун сабабҳои асосии инкишофи рабаз тавсиф шудааст. Маълумоти маъхазхои хаттӣ бо натиҷаҳои бозёфтҳои археологӣ дар ташаккули рабаз муқоиса карда шудааст. Дар мисоли Бунҷикат-пойтахти Уструшана, Самарқанд, Бухоро ва дигар шаҳрҳо ки давраи нашъунамояшон ба асрҳои X-XI рост меояд, муаллиф ба се қисмат тақсим шудани шаҳрро таъкид кардааст. Нақши мустамликадории арабҳо дар ташаккули рабазҳо ва шаҳрҳои Мовароуннаҳру Хуросон ва ба марказҳои ҳунармандӣ ва тиҷорат табдил ёфтани онҳо қайд карда шудааст, ки дар натиҷа маҳз рабазҳо ба сераҳолитарин қисмати шаҳр табдил меёбанд.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · Т. 98, № 1
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП