РАҚОБАТИ АФШИНИ ҲАЙДАР БО АБДУЛЛОҲ ИБНИ ТОҲИР БАРОИ ҲОКИМИЯТ ДАР ХУРОСОНИ БУЗУРГ
Бо баррасии матолиби сарчашмаҳои таърихӣ муаллиф дар ин мақола аз рақобати Афшини Ҳайдар бо ҳокими Хуросон Абдуллоҳ ибни Тоҳир барои ба даст овардани қудрати сиёсӣ дар ин сарзамин сухан мекунад. Афшини Ҳайдар аз рӯзгори ҷавонӣ рӯҳияи саркашӣ дошт ва тибқи шаҳодати сарчашмаҳои таърихӣ арабҳо дар замони Аббосиён дар соли 822 бо кумаки ӯ вилояти Усрушанаро фатҳ карданд. Агар ахбори таърихнигорони ин аҳдро мавриди баррасӣ қарор диҳем, дармеёбем, ки яке аз авомили пирӯз шудани аъроб бар сарзамини Эрону Хуросони Бузург бештар хиёнати ашрофи ин сарзаминҳо буд, ки барои аз даст надодани мақому сарват ба ҷониби тозиён гузаштанд, чунон ки Афшини Ҳайдар ин амалро ба хеш раво дид. Баъд аз шикаст додани наҳзати Бобаки Хуррамдин ва ҷангҳо дар Рум Афшини Ҳайдар шукуҳу азамати фаровоне дар хилофат пайдо кард, то ҳадде ки касе дар дарбори хилофат аз назари қудрату мақом ба пояи ӯ намерасид. Бо истифода аз ин вазъияти хеш Афшини Ҳайдар дар орзуи ба даст овардани ҳукумати Хуросон шуд. Табиист, ки дар роҳи расидан ба ин ҳадаф бояд бо маъруфтарин амири Тоҳириён Абдуллоҳ ибни Тоҳир мубориза мекард. Аммо дар муборизаҳо барои ҳокимияти Хуросони Бузург бо истифода аз ихтилофҳое, ки байни халифа Муътасим ва фармондеҳи лашкараш Афшини Ҳайдар рух дод, Абдуллоҳ ибни Тоҳир пирӯз гардида, душмани сарсахташ аз миён бардошта шуд.
Сведения
- Журнал
- Historian
- Опубликовано
- 2024 · № 4 (39)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2709-7382
- Издатель
- ИНСТИТУТ ИСТОРИИ, АРХЕОЛОГИИ И ЭТНОГРАФИИ ИМЕНИ АХМАДА ДОНИША НАЦИОНАЛЬНОЙ АКАДЕМИИ НАУК ТАДЖИКИСТАНА