Central AsianResearch Index

РАҚАМИКУНОНӢ ҲАМЧУН САМТИ ОЯНДАДОРИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ

Асри 21 ба рушди технологияҳои рақамӣ дар асоси инқилоби иттилоотӣ ва равандҳои ҷаҳонишавии иқтисод табдил ёфтааст. Иттилоот дар ҷомеа ва равандҳои иқтисодӣ ба манбаи асосӣ табдил ёфтаанд. Дар дасти инсон он ба дониш мубаддал мешавад ва муносибатҳои иҷтимоию иктисодӣ торафт бештар ба фазои шабакави мегузарад. Омили асосии трансформатсияи рақамӣ дар фаъолияти тамоми иқтисоди миллии кишвар рушди фарҳанги рақамӣ мебошад. Дар марҳалаи ҳозира сохтори институтсионалии ҷомеаи трансформатсионӣ дорои хусусиятҳои ба худ хос буда, ташаккули иқтисоди рақамиро тақозо мекунад, ки дар навбати худ зарурати рақамисозии сохторҳои иқтисоди миллиро низ муайян мекунад.

Сведения

Опубликовано
2024 · № 2.1 (41)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет