Central AsianResearch Index

РӮЗГОР ВА ОСОРИ АМИР МУИЗЗӢ АЗ НИГОҲИ АДАБИЁТШИНОСОНИ ТУРК

Таҳқиқи рӯзгор ва осори шоири тоҷику форс Муиззӣ дар адабиётшиносии турк мавриди баррасӣ қарор дода шуааст. Дар натиҷаи баррасии масъалаи мавриди назар муаллиф иброз медорад, ки рӯзгор ва ашъори Муиззӣ таваҷҷуҳи адабиётшиносони туркро низ ба худ ҷалб намудааст ва як гуруҳ олимони турк роҷеъ ба рӯзгор ва ашъори ӯ мақолаҳои алоҳида ва рисолаҳо таълиф намудаанд. Дар ин миён рисолаи «Дунёи шеъри Муиззӣ»-и Гёкҳан Гёкменро метавон аз корҳои нисбатан мукаммали муҳаққиқони турк дар таҳқиқи рӯзгор ва осори Муиззӣ шумурд. Таъкид шудааст, ки баъзе муҳаққиқони турк, аз ҷумла Aднан Қараисмоилоғлу аз чӣ бошад, ки шоирро турк номида, мегӯяд, ки ӯ аслан турк буда, бар иловаи иртиботаш бо шеъри арабӣ, махсусан ба форсӣ шеър гуфтааст ва муаллифони «VIII-XIII yüzyillar türk edebiyati» низ дар бораи ӯ маълумот дода ишора менамоянд, ки шоири маъруфи турк, яке аз шоирони дарбори султон Маликшоҳ ва амирушшуарои даврони худ буд. Ҳол он ки мо девони ашъори ӯ, ки зиёда аз 18600 байти он то имрӯз маълум аст, байте, ҳатто мисрае бо забони туркӣ ба назар намерасад.

Сведения

Опубликовано
2024 · Т. 101, № 4
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2413-2004 · 3005-849X
Издатель
ТГУПБП