РӮЗГОР ВА ОСОРИ АБӮСАЪД САМЪОНИИ МАРВАЗӢ
Ҳаёт ва таълифоти Абӯсаъд Самъонии Марвазӣ (тав. 506 ҳ./1113 м., Марв – ваф. 562 ҳ./1166 м., ҳамон ҷо), ки ӯ дар ҳифз ва муаррифии таъриху фарҳанги тоҷикон хидмати камназир анҷом додааст, баррасӣ шудааст. Дар асоси асноди муътамад масъалаҳои алқоб, куня, ному насаб, нисба (китоб « ал-Ансоб »), ҷойгоҳи хонадони Самъониён дар ҷаҳони илм, даврони касби дониш, устодон, сафарҳо, равобити илмии мутафаккир бо донишмандони ҳамрӯзгор ва марказҳои илмӣ, фарзандону шогирдон, мактабу тадрисгоҳ, мақоми илмиву адабӣ, таърихи вафоту мадфани Самъонӣ ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст. Осори Абӯсаъд Самъонии Марвазӣ ба тариқи зайл дастабандӣ гардидааст: а) Китобҳои риҷолшиносӣ ва ансоб; б) китобҳои ахлоқӣ ва одобу русуми иҷтимоӣ; в) китобҳо роҷеъ ба илми ҳадис; г) китобҳои ибодат ва адъия; ғ) китобҳои фазоили шаҳрҳо ва хӯрданиҳо; д) китобҳои ҷуғрофӣ ва сафарномаҳо; е) китобҳои гуногунмавзуъ.
Сведения
- Опубликовано
- 2025 · Т. 103, № 2
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2413-2004 · 3005-849X
- Издатель
- ТГУПБП