Central AsianResearch Index

ПРОБЛЕМАҲОИ ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ ИҶРОИ КОРҲОИ ҲАТМӢ

Дар мақолаи мазкур проблемаи танзими ҳуқуқии иҷрои ҷазои корҳои ҳатмӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф, зимни таҳқиқот андешаҳои олимони ватанию хориҷӣ ва меъёрҳои қонунгузориро таҳлил намуда, танзими ҳуқуқии иҷрои корҳои ҳатмиро муайян кардааст. Дар натиҷаи таҳқиқот муаллиф ба хулосае омадааст, ки аксарият ҷонибдорӣ ташкили сохтори нав оид ба иҷрои ҷазои корҳои ҳатмӣ мебошанд. Ба андешаи муаллиф иҷрои корҳои ҳатмӣ дар маҳалли истиқоматӣ сохтор ва ё таъини шахси масъулро тақозо менамояд. Бо ин асос, пешниҳод мегардад, ки дар ноҳияҳо (шаҳрҳо) шуъбаи иҷрои ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ва намояндаи он дар сохтори ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ташкил карда шавад.

Сведения

Опубликовано
2023 · Т. 15, № 3
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
3078-3402
Издатель
Таджикский педагогический институт в Раштском районе