Central AsianResearch Index

ПРОБЛЕМАҲОИ РУШДИ МУОСИРИ МУНОСИБАТҲОИ ҲУҚУҚӢ ДАР СОҲАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мақолаи мазкур ба масоили рушди муосири хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Қобили қайд аст, ки инкишофи мутаносиби муносибатҳои ҷамъиятӣ танзими ҳатмиро тавассути меъёрҳои иҷтимоӣ тақозо менамояд ва як навъи онҳо меъёрҳои ҳуқуқӣ ба ҳисоб мераванд. Дар натиҷаи рушди меъёрҳои ҳуқуқӣ онҳо ба соҳаҳои ҳуқуқ табдил меёбанд ва якчанд институтҳои ҳуқуқии ҳамшабеҳ ба як соҳаи ҳуқуқи алоҳида муттаҳид гардида, бузургтарин ташкилаи системаи ҳуқуқиро бунёд месозанд. Таҳлили илмии мазкур маҳз ба зерсоҳаи алоҳидаи ҳуқуқи маъмурӣ – хихмати давлатӣ бахшида шудааст. Вобаста ба ин зикр мегардад, ки хизмати давлатӣ дар аввал ҳамчун институти ҳуқуқи маъмурӣ ва айни замон чун зерсоҳаи ҳуқуқ ташаккул ёфтааст. Дар матни мақола инчунин қайд мегардад, ки дар назарияи ҳуқуқи маъмурӣ ибораи « ҳуқуқи хизматӣ » ба вуқӯъ омада ва айни замон рушд намуда истодааст. Ба ғайр аз ин, дар мақолаи мазкур масоили рушди системаи хизмати давлатӣ , ки аз се институти бузурги ҳуқуқӣ, аз қабили хизмати давлатии шаҳрвандӣ , хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизмати давлатии ҳарбӣ иборат мебошад, таҳлил шудаанд.

Сведения

Опубликовано
2024 · № 1 (40)
Источник
cyberleninka.ru
Язык
Таджикский
ISSN
2663-0389
Издатель
Таджикский государственный финансово-экономический университет