ПРОБЛЕМАҲОИ ЭКОЛОГЇ ҲАМЧУН МУАММОИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ҲАЛЛИ ОН
Мақола ба баррасии проблемаҳои экологї ҳамчун муаммои соҳаи маориф ва ҳалли он ихтисос ёфтааст. Қайд карда мешавад, ки шароити кунунии пешрафт ва ҳамгироии илму-техника зарурияти объективии ҳамаратафа такмил додани рушди таълими экологї ва тарбияи одамон, ташаккули шуурнокии экологии фардї ва ҷамъиятиро тақозо дорад. Тазаккур меравад, ки тарбияи муносибати эҳтиёткорона ва оқилона ба муҳит , васеъ гардонидани дониш ва малакаи зарурї барои муҳофизат ва самаранок дигаргун сохтани муҳити атроф қисми ҷудонашавандаи низоми умумии таҳсилоти муосир шуда истодааст. Дар шароити муосир ҷиҳати дуруст роҳандозї нашудани муносибат бо табиат бе дониши қонунҳои табиат, дарки алоқаҳои мураккаби гуногунии мавҷудбуда дар биосфера , бе пешгўии оқибатҳои бо зўрї ва кўр – кўрона муносабат кардани одам дар ин алоқаҳо ва таъсири ҷамъият ба табиат дар умум, ѓайри имкон аст. Дар рафти ташаккул ва инкишоф додани истеҳсолоти моддї, ки миқёси он таҳти таъсири инқилоби илмию генологї якбора афзудааст, фаъолияти табиатофаринии инсон аз имкониятҳои худтанзимкунии низомҳои табиї зиёд гардида, хавфи фалокати глобалии экологиро ба миён овард, ки дар ин бора таҳқиқотҳои зиёд дар соҳаи фалсафаи бўҳрони экологї шаҳодат медиҳад. Муаллифи мақола асосан омодагии донишҷўёни муассисаҳои олї ва миёнаи касбиро, ҳамчун ташаккули омодагї ба ҳамкории мутаносиби шахсї бо табиат муайян карда, вазифаи асосии муассисаҳои таълимии олиро муносибати аниқ ба фаҳмиш ва шиносои кардани донишҷўён ба ҳалли муаммои глобалии экологї ва дарёфти роҳҳои баромадан аз вазъияти ба амаломада, бо мақсади ташаккули ҷаҳонбинии экологии омўзгорони оянда намудааст.
Сведения
- Опубликовано
- 2023 · № 3 (76)
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Узбекский
- ISSN
- 2077-4990
- Издатель
- Худжандский государственный университет имени академика Бабаджана Гафурова