ПРИНСИПҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Принсипҳои конститутсионӣ ва принсипҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ бо такя ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, таносуби онҳо нишон дода шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва дар сурати номувофиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба талабот принсипҳои конститутсионӣ бевосита амал менамоянд. Дар ин замина муайян карда мешавад, ки принсипҳои конститутсионӣ ҳамчун асос барои принсипҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ баромад мекунанд. Асосҳои конститутсионии принсипҳои қонунгузории ҷиноятӣ , аз қабили адолат , баробарӣ , инсондӯстӣ , демократизм нишон дода шудаанд. Баъзе камбудиҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба принсипҳои конститутсионӣ мувофиқ нестанд, таҳлил карда шудаанд. Пешниҳод карда мешавад, ки баъзе принсипҳои қонунгузории ҷиноятӣ , ки дар таркиби принсипҳои Кодекси ҷиноятии амалкунанда мустаҳкам гардидаанд, ҷудо намуда, дар шакли моддаҳои алоҳидаи Кодекс мустаҳкам карда шаванд.
Сведения
- Опубликовано
- 2024 · Т. 100, № 3
- Источник
- cyberleninka.ru
- Язык
- Таджикский
- ISSN
- 2411-1945 · 3005-8023
- Издатель
- ТГУПБП